Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табрики наврӯзии Обама: Дуруд. Ва: Иди шумо муборак!


Барак Обама
Барак Обама
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар як паёми табрикӣ дар остонаи Наврӯз ҳамаи онҳоеро, ки аз ин ид таҷлил мекунанд, муборакбод гуфтааст. Барак Обама паёмашро ба забони форсӣ бо “дуруд” оғоз кардаву низ ба як ҷумлаи форсии “Иди шумо муборак!” анҷом додааст.

Обама Наврӯзро ҳам лаҳзаи оғози соли наву баҳори нав ҳам фурсате барои пардохтан ба умедҳо барои як соли оянда номидааст. Раисиҷумҳури Амрико як бахши аъзами паёми наврӯзиашро ба равобити Амрикову Эрон ихтисос дода, гуфтааст, мардуми Эрон бо интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ даъватҳои ҷомиаи ҷаҳонӣ барои хатми роҳи инзивоъ ва пайвастан ба ин ҷомиаро шунуфт ва дар соли 2013 ӯ бо Рӯҳонӣ сӯҳбат ҳам кард, ки нахустин тамоси раҳбарони Амрикову Эрон аз замони инқилоби исломии соли 1979 буд.

Обама дар паёмаш меафзояд, “агар Эрон ин фурсатро аз даст надиҳад, Наврӯзи феълӣ нафақат аз оғози соли нав, балки аз оғози як саҳифаи нав дар таърихи Эрон ва нақшаш дар ҷаҳон дарак хоҳад дод.” Ба гуфтаи Обама, ин саҳифаи нав бар пояи манофеи муштарак ва ҳусни эҳтиром беҳбуди равобити Эрон бо давлат ва мардуми Амрикоро низ дар бар хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG