Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Думаи Давлатӣ қарордоди Русия ва Қримро ба тасвиб расонд


Думаи Давлатии Русия қарордоди миёни Қрим ва Русияро дар бораи пайвастани Қрим ба Русия ба тасвиб расонд. Ин қарордодро бояд маҷлиси болоии порламон, яъне Шӯрои Федератсия низ таъйид кунад.

Амрико ва кишварҳои Ғарб аз пайвастани Қрим ба Русия интиқод карданд ва онро ғайриқонунӣ хонданд.

Аз сӯи дигар, Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса мегӯяд, ки мулоқоти барномарезишудаи раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва Русия, ки барои моҳи июн пешбинӣ шуда буд, барои забти Қрим аз сӯи Русия баргузор нахоҳад шуд.

Олланд ин суханонро ҳангоми вуруд ба Бруссел изҳор дошт. Вай дар ин ҷо дар мулоқоти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG