Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суперҷоми Тоҷикистон: Бозии “Равшан” - “Истиқлол” - 25 март дар Душанбе


Рӯзи 25-уми март бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе барпо мегардад.

Бозии “Равшан”, қаҳрамони Тоҷикистон ва “Истиқлол”, барандаи Ҷоми кишвар, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки майдони бозиаш нав карда шуд, соати 17:00 шурӯъ мешавад. Дар ин бозӣ ва чорабиниҳо бахшида ба Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон Йозеф Блаттер, раиси ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол), ширкат хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷоми олии Тоҷикистон барои панҷумин бор доир хоҳад шуд. Дар се бозии пешин дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (соли 2010) ва ду бор (солҳои 2011 ва 2012) бар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ғолиб омада буд. Соли гузашта бошад, “Равшан” дар Варзишгоҳи марказии Кӯлоб бар «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, барандаи Ҷоми олӣ гардидааст.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Ҷоми олии Тоҷикистон

Соли 2010. Шаҳри Турсунзода. «Истиқлол» (Душанбе) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - 0:0. Замони изофӣ – 2:0.
Соли 2011. Шаҳри Қӯрғонтеппа. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 0:0. Замони изофӣ – 1:0.
Соли 2012. Шаҳри Ваҳдат. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:1.
Соли 2013. Шаҳри Кӯлоб. «Равшан» (Кӯлоб) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) — 2:1.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG