Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури нави президент дар бораи эътилоф


Алмазбек Атамбаев

Алмазбек Атамбаев

Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Ҳизби Сотсиал-Демократ дастур додааст, ки эътилофи нави порламонӣ ташкил диҳад. Ин эътилоф аз ҷумлаҳои ҳизбҳо бояд дар порламон аксариятро соҳиб бошанд.

Бино ба дастури раиси ҷумҳур, ин эътилоф то 11 апрел бояд ташкил ва номзади нахуствазири ояндаро барои баррасӣ ба Шӯрои Олӣ пешниҳод намояд. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ҷумҳур ба матбуот хабар додааст.

Эътилофи пешини порламонӣ ду рӯз қабл фаъолияти худро қатъ кард, зеро ҳизби “Ата Мекен” аз эътилоф хориҷ шуд ва нахст бо кобинаи вазирон ҳамкорӣ кунад.

Ба эътилофи ҳоким ҳоло ҳизбҳои Сотсиал-Демократ, "Ата-Журт" "Ар-Намыс" ва "Республика" дохиланд. Ба сабаби ин ки ҳеҷ як аз ин ҳизбҳо бештар аз 50 дарсад рай ба даст наовард, ҳизбҳо барои ташкили ҳукумат бояд эътилоф ташкил кунанд.
XS
SM
MD
LG