Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони Аврупо барои Украина мулоқот мекунанд


Наздикиҳои шоми рӯзи панҷшанбе дар Бруссел мулоқоти дурӯзаи раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо оғоз мешавад. Онҳо дар ин мулоқот тадбирҳои вобаста ба пайвастани Қрим ба Украинаро ба тасвиб мерасонанд.

Интизор меравад, ки онҳо ҷаласаи муштараки Иттиҳодияи Аврупо ва Русияро, ки барои моҳи июн барномарезӣ шуда буд, лағв кунанд. Мумкин аст онҳо дар феҳристи шахсиятҳои мамнуъулвуруди Русия ба Аврупо номҳои дигарро низ илова намоянд. Феҳристи пешин 17 март эълон шуда буд ва дар он 8 нафар аз Қрим ва 13 нафари дигар сиёсатмадорони зинаҳои поёнии Русия ва мақомоти низомии он ҷой дода шудаанд.

Раҳбарони Аврупо ҳамчунин дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳои бештари иқтисодӣ ва фурӯши аслиҳа ба Русия гуфтугӯ хоҳанд кард. Вале хабарнигори радиои Озодӣ дар Бруссел мегӯяд, тадбирҳои иловагӣ дар ҳоле андешида хоҳанд шуд, ки агар вазъият дар Украина бадтар шавад.

Рӯзи ҷумъа Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина ба Бруссел сафар мекунад ва дар он ҷо дар бахши сиёсии қарордоди ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи Аврупо имзо мегузорад.
XS
SM
MD
LG