Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун дар Маскав бо Путин мулоқот мекунад


Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ рӯзи панҷшанбе вориди Маскав мешавад ва бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия мулоқот мекунад. Ҳадафи ин боздид коҳиши ташаннуҷоти байналмиллалӣ барои рӯйдодҳои ахири Украина аст.

Қарор аст, ки рӯзи ҷумъа Бан Ки Мун ба Кеив сафар кунад ва дар он ҷо бо Олександр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурӣ ва бо Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина дидор ва гуфтугӯ кунад.

Боздиди Дабири Кулли СММ дар рӯзҳое анҷом мегирад, ки баъд аз пайвастани Қрими Украина ба Русия байни Маскав ва Киев моҷароҳои дипломатӣ ташдид ёфтааст. Пайвастани Қрим ба Русияро маҳофили байналмиллалӣ эътироф намекунанд.

Рӯзи чаҳоршанбе Русия ба тақсими шиносномаҳои русӣ ба сокинони Қрим оғоз кард ва мегӯяд, ки онҳо акнун шаҳрвандони Русия мебошанд.

Аз сӯи дигар, Украина эълон кардааст, ки барои шаҳрвандони Русия, ки мехоҳанд ба Украина сафар кунанд, муқаррароти раводид ё визо ҷорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG