Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ҷалолобод 18 нафар кушта шуданд


Ҷалолобод, дар маҳали ҳамла

Ҷалолобод, дар маҳали ҳамла

Дар шаҳри Ҷалолобод-маркази вилояти Нангарҳори Афғонистон дар як ҳамлаи маргталабона 18 нафар кушта шуданд, ки 10 нафари онҳо афсарони пулис буданд. Як ғайринизомӣ ва 7 ҳамлакунанда низ ба қатл расидаанд. 14 афсари дигари пулис ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамлакунандагон дафтари пулисро дар шаҳри Ҷалолобод ҳадаф қарор дода буданд. Генерал Муҳаммад Аюб Солангӣ-муовини вазири дохила мегӯяд, дар ин ҳамла як бамгузори маргталаб ширкат кардааст ва ду бами дигарро бо дастгоҳи аз дур ҳидоятшаванда таркондаанд. Муовини вазир гуфт, ки баъд аз ин ҳамла тирандозӣ бо нируҳои Афғонистон шуруъ шудааст ва 4 соат давом кардааст.

Забеҳулло Муҷоҳид-сухангӯи Толибон дар паёме ба матбуот гуфтааст, ки ин ҳамларо шӯришиёни Толибон анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG