Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарёфти ду қисми ҳавопаймо дар пайи ҷустуҷӯи Боинг 777


Мақомоти Австралия мегӯянд, ки нерӯҳои кашшофии ин кишвар ду қисми ҳавопаймоеро пайдо кардаанд, ки эҳтимол меравад аз Боинг 777-и нопадидшудаи Малайзия бошад. Тони Аббот, нахуствазири Австралия рӯзи 20-уми март эълон кардааст, ки нерӯҳои кашшофии кишвараш ду қисми ҳавопайморо дар об пайдо кардаанд, ки эҳтимол меравад аз қисмҳои ҳавопаймои нопадидшудаи Малайзия бошад. Нахсутвазири Австралия ба парлумонпи кишвари худ гуфтааст, ки «иттилоъи ҷадид ва қобили қабул» вуҷуд дорад. Ҳамакнун эҳтимол меравад ин нахустин натиҷаи ҷустуҷӯи дуҳафтаинаи ҳавопаймои нопадидшудаи Боинг 777-и Малайзия бошад. Ба гуфтаи Тони Аббот ҳавопаймоҳои кашшофии ин кишвар барои баррасии қисмҳои дарёфтшуда ба маҳалли он рафтанд ва қарор аст ҳавопаймоҳои иловагӣ ҳам фиристода шавад. Хабаргузориҳо мегӯянд нахуствазири Австралия мушаххас накардааст, ки ин пораҳои ҳавопаймо дар куҷо пайдо шудаанд. Австралия аз масъулони аслии ҷустуҷӯ дар қисми ҷанубии уқёнуси Ҳинд аст. Ин қисми уқёнус яке аз ду долони эҳтимолии парвози ҳавопаймои нопадидшуда – дар канори долони шимолӣ ба суи кишварҳои Қафқоз ба шумор меравад. Худи кишвари Малайзия ҳамроҳи Австралия ва бархе кишварҳои дигар монанди Зеландияи Нав ва Иёлоти Муттҳида дар ин масир дар ҳоли анҷоми амалиёти ҷустуҷӯ аст. Тони Аббот гуфтааст, ки мақомоти амниятии баҳрии Австралия иттилооти худро дар пояи иттилооти моҳвораӣ дарёфт кардаанд. Вай афзудааст, ки Наҷиб Раззоқ, нахуствазири Малайзияро дар ин маврид хабар кардааст. То ин замон чанде аз қисмҳои ҳавопаймое ки дарёфт шуда буданд ба ҳавопаймои нопадидшудаи Боинг 77-и Малайзия иртибот надоштанд.

Мақомоти Малайзия муътақиданд, ки ҳавопаймо пас аз он ки аз назорати радар нопадид шудааст, ба масири наве афтода ба соатҳои зиёд дар шакли идорашаванда ба парвози худ идома додаат.

Ҳоло қисми бузурги маҳалли эҳтимолии парвози ҳавопаймо ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар зери об мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Ҳавопаймои Боинг 777-и ширкати Малайзия Айрлайнз, ки рӯзи 8-уми март бо 239 мусофир ва сарнишинаш аз Куала Лумпур ба Чин парвоз мекард, ба таври асроромезе нопадид шуд ва то кунун нишонае аз онро пайдо накардаанд.
XS
SM
MD
LG