Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Сурия ба мутаваққиф кардани кори сафораташ дар ИМА


Бинои сафорати Сурия дар Вошингтон

Бинои сафорати Сурия дар Вошингтон

Димишқ тасмими Вошингтон барои мутаваққиф кардани кори сафорату консулгариҳои Сурия дар Амрикоро "ғайриқонунӣ" хонд. Дар изҳороти вазорати умури хориҷии Сурия, ки рӯзи чаҳоршанбе, 19 март нашр шуд, омадааст, ин тасмими Амрико нақзи созиши Вена аст, ки фаъолияти сафоратхонаҳо дар сартосари олам бар пояи он танзим шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Сурия, чораҳои андешидаи ИМА алайҳи манфиатҳои шаҳрвандони Сурия аст ва ҳамзамон ба пуштибонии терроризм ва идомаи хунрезӣ дар Сурия мусоидат мекунад.

Рӯзи сешанбе ИМА эълом дошт, ки сафорати Сурия дар Вошингтон ва консулгариҳояш дар аёлатҳои Мичиган ва Техас баста мешаванд. Кормандоне, ки шаҳрванди Амрико нестанд, бояд кишварро тарк намоянд.
XS
SM
MD
LG