Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Украина ғайб зад


Сергей Ҳайдук
Сергей Ҳайдук
Сергей Ҳайдук, фармондеҳи нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Украина, рӯзи чаҳоршанбе, 19 март, дар шаҳри Севастопол боздошт шуд. Хабаргузории “Қриминформ” бо такя ба додситонии шаҳр гуфтааст, Ҳайдук дар робита ба он ки эҳтимолан фармони Киев оид ба истифодаи силоҳ алайҳи мардуми осоиштаро ба низомиёни украинии мустақар дар Қрим овардааст, мавриди бозҷӯӣ қарор дорад.

Хабаргузориҳо навиштаанд, ки Сергей Ҳайдук баъд аз музокирот бо фармондеҳи Флоти Баҳри Сиёҳи Русия Александр Витко дар ситоди нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Украина дар шаҳри Севастопол ғайб задааст. Ин ситод рӯзи чаҳоршанбе аз сӯи мардуми маҳаллӣ ғасб шуд. Низомиёни украинӣ аз тирандозӣ сӯи сокинони
осоишта худдорӣ карданд.

Аз ин пеш Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор намуд, ки низомиёнии украинии мустақар дар Қрим ҳаққи интихоби пайвастан ба артиши Русия ё тарки нимҷазираро доранд. Дар сӯҳбат бо шабакаи Би-Би-Си ӯ хабар дод, ки иддае аз низомиёни украинӣ аллакай ба ҷониби ҳукумати Қрим гузаштаанд. Гуфта мешавад, ки айни ҳол дар Қрим тақрибан 20 ҳазор афсару сарбози украинӣ мустақаранд.
XS
SM
MD
LG