Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи маркази мухобироти нирӯҳои марзбонӣ


Маркази миллии мухобироти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми март бо иштироки Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон ва масъулони нирӯҳои марзбонӣ ифтитоҳ ёфт. Сафорати ИМА мегӯяд, ин марказ ба маблағи 3,6 миллион доллар тавассути барномаи “Мубориза алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир“-и фармондеҳии марказии Амрико (CENTCOM) сохта шудааст. Ба гуфтаи сафорат, "дар доираи фаъолиятҳои марказ дастгирии фаннии машваратӣ аз ҷониби омӯзгорон оид ба тадбиру усулҳо ва тарзу маросими хизматрасонии васоити алоқа пешбинӣ шудааст". Дар расми ифтитоҳи марказ фармондеҳи нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳам ширкат дошт. Сюзан Эллиотт дар ин маросим гуфт, ин марказ «қобилияти ҳукумати Тоҷикистонро дар масоили вокуниш ба ҳолатҳои фавқуллода ва мубодилаи маълумот барои муайян ва пешгирӣ намудани хатарҳо дар марзҳоро беҳтар хоҳад гардонид.»
XS
SM
MD
LG