Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикояти "Азия Плюс" ва Тутубалина аз ҳукми додгоҳ


Олга Тутубалина

Олга Тутубалина

"Азия Плюс" ва хабарнигораш Олга Тутубалина рӯзи 18 март расман аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар робита ба даъвои зиёиён ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдаанд.

Ҳафтаномаи мустақили “Азия Плюс” ва муҳаррири ин нашрия Олга Тутубалина аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар робита ба қазияи “зиёиён алайҳи “Азия Плюс” ба додгоҳи пойтахт шикоят бурдааст. Шикояти “Азия Плюс” аз ҳукми додгоҳи Фирдавсӣ, ки ин нашрия ва хабарнигорашро ба пардохти 30 000 сомонӣ, муодили тақрибан 6 000 доллар ба 3 даъвогар муваззаф мекард, рӯзи 18 март ба дасти додгоҳи Душанбе супурда шудааст.

Дар моҳи июни соли 2013 Олга Тутубалина дар “Азия Плюс” дар матлабе бо номи “Неинтеллигентно об интеллигенции” пиромуни бозгашти шоири маъруф Бозори Собир баъди 19 соли ҳиҷрат бо истинод ба як гуфтаи асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Ленин зиёиёнро бо наҷосат ташбеҳ кард. Ин ташбеҳ ба вокуниши тунди сраҳбарони созмонҳои эҷодиву илмӣ, аз ҷумла сарони Фарҳангистони улум ва Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон рӯбарӯ шуд.

Ба дунбол 5 созмони илмиву эҷодӣ - Фарҳангистони улум ва Иттиҳодияҳои нависандагон, рассомон, оҳангсозон ва меъморони Тоҷикистон ҳамроҳ бо се нафари алоҳида - Дилбар Абдиева, Аскаралӣ Раҷабов ва Ҳикмат Раҳмат – ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурда, аз нашрия ва хабарнигораш ҷуброни товони маънавӣ талаб карданд.

Рӯзи эълони ҳукми Тутубалина

Рӯзи эълони ҳукми Тутубалина

Даъвогарон мегӯянд, ки калимаи “наҷосат”, ки дар матлаби Тутубалина нисбат ба зиёиён истифода шудааст, “ба воқеъият дуруст намеояд” ва шаъну шараф ва эътибори равшанфикрон, як қишри баобрӯи ҷомиаи Тоҷикистонро паст мезанад. Онҳо ҳамчун аз муаллиф ва нашрияи “Азия Плюс” 200 000 сомонӣ товон мехостанд. Аммо додгоҳ рӯзи 25 феврал қарор кард, ки “Азия Плюс” ва Олга Тутубалина ба се шахси даъвогар 30 000 сомонӣ пардохт кунанд.

Ҳуқуқшиносони “Азия Плюс” мегӯянд, ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ беасос ва ғайриқонунӣ буд: “Мо талаб дорем, ки ин ҳукм бекор шавад ва парвандаро барои муҳокимаи дубора ба коллегияи додгоҳӣ дори ба парвандаҳои шаҳрвандии Душанбе бисупоранд.”

Ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мавҷи интиқодҳо дар маҳофили журналистии Тоҷикистон ва дар сатҳи байналмилалиро ба бор овард. Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ва ҳамин тавр ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот аз ин ҳукм изҳори таассуф карда, онро аломати фишор болои журналистони мунтақид дар Тоҷикистон хонданд.

Дуня Миятович

Дуня Миятович

Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот гуфт, агар марзи осеби маънавӣ мушаххас нашавад, ҳар назари мухолиф метавонад мавзӯъи даъвои ҷуброну товон шавад. Ба ақидаи намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, “ҷомиаи демократӣ бояд ба баҳсҳои ҷамъиятӣ бидуни таҳдид ба муҷозоти молӣ имкон бидиҳад.”

Қасди Ленинро аз Тутубалина гирифтанд?

Ҳуқуқдонҳои мустақил дар худи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, дар асл бояд Владимир Ленинро ҳамчун муаллифи аслии ибораи “Интеллигенция это не мозг нации, а ее говно” ба курсии ҷавобгарӣ мешинонданд, на Тутубалинаро, ки дар матлабаш аз “доҳии пролетариат” танҳо иқтибос кардааст.

Вале, тавре ҳуқуқдони маъруфи тоҷик Абдуқаюм Юсуфӣ дар шарҳи ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, азбаски Ленин ҳанӯз 90 сол қабл, дар соли 1924 ин дунёро падруд гуфтааст, додгоҳи Тоҷикистон имрӯз қасди ӯро аз Тутубалина гирифт.

Олга Тутубалина аз хабарнигорони маъруфи ҳафтаномаи мустақили “Азия Плюс” аст. Ҳафтаномаи “Азия Плюс” бахше аз силсилаи расонаҳоест, ки ҳанӯз дар миёнаи солҳои 90 аз тарафи хабарнигор ва ношири шинохта Умед Бобохонов таъсис ёфтааст. Ин медиа-ҳолдинг имрӯз як ҳафтаномаву як хабаргузорӣ ва як шабакаи радиоӣ бо номи “Азия Плюс” ва маҷаллаи муҷаллое бо номи “VIP-Zone”-ро фаро мегирад ва аз муваффақтарини тарҳҳо дар бозори матбуоти Тоҷикистон ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG