Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Планшету смартфон нони аккосонро "дуто" кардааст


Планшету смартфонҳо бозори аксбардорони хиёбонӣ дар пойтахти Тоҷикистонро, ки аксаран ҷавононанд, танг кардааст.

Зафар, сокини 26-солаи пойтахт мегӯяд, панҷ соли ахир аксбардорӣ мекунад ва таъмини хонаводааш ҳам аз даромади аккосии ӯ дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе аст. Аммо ба гуфтаи Зафар, рушди фанновариҳои муосир, аз қабили планшету смартфонҳо ва дурбинҳои рақамӣ, луқмаи нони онҳороо дуто кардааст. Зафар ки ба гуфтаи худаш аз падару модараш ятим монда, пас аз хизмат дар сафи артиш ба Русия рафта буд, онҷо рӯзгори сахт дошт ва муҳоҷират ӯро бемор карду дубора ба ватан овард ва дар ниҳоят тақдирашро ба аксбардорӣ пайваст.

Зафар мегӯяд: «Вақте ман мактаби миёнаро хатм кардам, барои дохил шудан ба донишгоҳ маблағе надоштам, ин сабаб шуд ки ман кадом як касбро наомӯхтам. Русия рафтам, аммо онҷо ҳам мушкил, аз 10 то 15 ҳазор рубл ба ҳуҷҷат мекунӣ пул ба милисаҳо меравад. Ман қарор додам, ки дигар ба Русия наравам ва ҳаминҷо зиндагиямро пеш барам. Дар аввал даромади хуб доштам, аммо дар як-ду соли ахир ки аксари сокинон ба планшету телефонҳои муосир дастрасӣ доранд, даромади мо ҳам кам шуд. Дар аввал дар як рӯз то 100 сомонӣ ҳам даромад ба даст меовардам, ҳозир не.»

Акнун ҳароси Зафар аз он аст, ки бо идомаи ҳарчи бештар дастрас шудани фановариҳои муосир ба сокинон, батадриҷ шуғли аксбардорӣ дар хиёбонҳо ба пешаи нолозим табдил меёбад. Ба мисли Зафар, ҷавонони зиёдеро метавон дар назди муҷассамаҳои пойтахт ва хиёбонҳои марказӣ вохӯрд, ки шуғлашон аксбардорист. Агар ҳам яке бо ҳадафи таъмини хонавода аксбардорӣ кунад, дигаре баъд аз дарс рӯ ба аккосӣ овардааст то тавонад, барои таҳсилаш маблағи лозимӣ ҷамъ кунад.

Эҳсон Хоҷаеви 18-сола, ки донишҷӯи соли аввали коллеҷи тиббӣ дар шаҳри Душанбест, аз ҷумлаи чунин афрод мебошад. Ин ҷавони тоҷик низ монанди Зафар ба фарқ аз аксар ҳамсолонаш, аз пешрафти фановариҳои итиллоотӣ, назири плашенту мобилҳои ҳушманд хушҳол нест ва боре ҳам барои харидани онҳо талош накардааст. Зеро ба гуфтаи Эҳсон, пайдо шудани чунин дастгоҳҳои ҳамакора, ки дар дохили худ, имкони аксбардориро ҳам доранд, бозори гарми онҳоро сард кардааст. Эҳсон мегӯяд, то нисфи рӯз дарс мехонад ва пас аз он бо дурбини аккосиаш ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ меояд, то рӯзии худро пайдо кунад. Вай аслан кадом як мактаби аккосиро низ нагузаштааст ва ҳам касе ба ӯ аз нозукиҳои ин пеша ҳарферо наомӯзонидааст. Зеро касби ояндаи ӯ табибӣ аст.

«Ман ҳамеша орзу мекардам, ки табиб бошам, ҳарчанд ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда натавонистам, аммо ба колеҷи тиббӣ шомил шудам. Хостам барои таҳсилам шароити хуб дошта бошам, каме фикр кардам, агар ба Русия равам таҳсилам нотамом мемонад, пас аз дарс коре накунам, зиндагиямон чанд хуб нест. Баъдан чаҳор соли пеш дастгоҳи аксбардориро харидам ва шурӯъ кардам ба кор. Ва баъдан ба аксбардорӣ одат кардам, пули хуб ҳам ба даст меовардам. Ҳозир бисёриҳо меоянд бо телефону айбадашон акс мегиранду мераванд.»

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати ҷавони мо, ки дар маҳфилҳои арӯсӣ ҳам гоҳ-гоҳе аксбардорӣ мекард, акнун, муштариёнаш батадриҷ коҳиш ёфтааст. Дастмузди якрӯзаи аккосон дар хиёбонҳо гуногун аст. Онҳо мегӯянд, гоҳе аз 50 то 60 сомонӣ ва агар рӯзи бобарор бошад, то 100 сомонӣ ҳаққи хизматашонро пайдо мекунанд. Аммо ҳамзамон иқрор мешаванд, ки рӯзҳое ҳам ҳастанд, ки тамоман пуле, ба даст намеоранд.

Хушбахт Шоимардонов, ки Донишгоҳи аграриро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст, мегӯяд, пас аз оне, ки донишгоҳро хатм карду барои худ кори дилхоҳ пайдо накард, маҷбур шуд, ба аксбардорӣ машғул шавад. Вале ӯ мехоҳад, аз ин кор даст кашад ва аз рӯи касби худ кор кунад. Хушбахт мегӯяд, ҳарчанд дар назари аввал аккосӣ кори начандон мушкил аст, вале нозукиҳову қоидаҳои худро дорад, ҳатто муносибат бо мизоҷон: «Мешавад, рӯзе ки ягон нафар меояд акс мегирад, вақте аксро тайёр карда медиҳӣ ҷанҷол мекунад, ки чаро ман инҷо безеб афтодам, ман аксро намехарам. Дигар чи ҳам мегӯӣ? Барои аз даст надодани муштариҳо бояд ҳамеша муносибати хуб дошт».

Муҳаммадӣ Ибодуллоев
Муҳаммадӣ Ибодуллоев
Ин аккоси ҷавон, гуфтаҳои аксбардори маъруф Билл Брандтро, ки "Суратгир бояд монанди тифле бошад, ки бори аввал оламро менигараду дар худ кашф месозад" шиори худ кардааст. Акнун аккосони ҷавони кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе, танҳо ба умеди онҳоеянд, ки аз ноҳияҳои дурдаст ба тамошои шаҳр меоянду барои гирифтани акси хотиравӣ дар маркази шаҳр аз хизмати онҳо истифода мекунанд.

Аммо Муҳаммадӣ Ибодуллоев мутахассиси фановариҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ мегӯяд, рушди фановариҳои муосир наметавонад, шуғли аксбардорӣ дар хиёбонҳоро ба пешаи нолозим табдил диҳад: «Рушди фановариҳо, метавонад, хизматрасониҳоро аз як шакл ба шакли дигар гузаронад. Бубинед, вақте мошин пайдо шуд, аробаҳо аз миён нарафтанд, онҳо самти корашонро дигар карданд. Аксбардори ҳамин ҳамингуна аст.»

Бо ин ҳама мутахаcсисон мегӯянд, онҳое ҳам, ки бо айпаду телефонҳои ҳушманд ва дастгоҳҳои ҳозиразамон аксҳои хуб мегирад, кам нестанд, аммо онҳо наметавонанд мисли аккосони касбӣ, он чизеро, ки бояд дар акси бардоштааш инъикос шавад, пайдо кард. Зимнан, қимати аксҳои аккосони хиёбонӣ вобаста ба ҳаҷми сурат аз 2 то 20 сомонӣ арзиш дорад.
XS
SM
MD
LG