Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки осиёӣ барои тармими нирӯгоҳи Сарбанд $136 миллион медиҳад


Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи 19-уми март созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба тарҳи «Барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт»-ро тасдиқ карданд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумони Тоҷикистон рӯзи 19-уми март ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин қарордодро муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва вакили маҷлиси намояндагон Шарофиддин Сироҷов шарҳ дода, аз ҷумла изҳор доштаанд, ки созишнома бо Бонки осиёӣ рӯзи 23 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи президенти Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда буд. Ба гуфтаи Султонов, мақсади асосии созишнома баланд бардоштани самаранокии истифодаи нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд, воқеъ дар 80 километрии ҷануби пойтахт мебошад. Гуфта мешавад, маблағи умумии созишномаи грантӣ 136 миллион доллар буда, нирӯгоҳи Сарнбанд бояд то соли 2020 тармим шавад. Ба иттилои вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон иқтидори умумии нерӯгоҳи «Сарбанд» ба 240 МВт баробар буда, дуюмин неругоҳи калонтарин баъд аз «Қайроқум» ба ҳисоб меравад. Сохтмони он соли 1956 оғоз гардида, соли 1962 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дар саргаҳи обҳои минтақа қарор дорад ва дорои нерӯгоҳҳои зиёди обии барқӣ аст, аммо ҳамасола дар фасли сармо мардуми он ба мушкили бебарқӣ ру ба рӯянд.
XS
SM
MD
LG