Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қонуни асосии Русия созиш бо Қримро "қонунӣ" хонд


Додгоҳи Қонуни асосии Русия дар нишасти рӯзи чаҳоршанбе, 19 март, созиши байнулмилалӣ оиди ба Русия замима шудани нимҷазираи Қрим ва шаҳри Севастополро мутобиқ ба Қонуни асосии кишвар арзёбӣ кард. Дар ин бора “Интерфакс” ба такя ба раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ Валерий Зоркин иттилоъ дод.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки ба Додгоҳ барои тафтиши мутобиқ будан ё набудани санад ба Қонуни асосӣ ариза ворид шудааст.

18 март раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва раҳбарони русгарои Қрим созиш дар бораи ба Русия замима шудани Қрим ва шаҳри Севастополро имзо карданд. Ҳамин тариқ, дар ҳайати Русия ду қаламрави нав – Ҷумҳурии Қрим ва шаҳри дорои аҳамияти федеролӣ – Севастопол арзи вуҷуд карданд. Думаи давлатии Русия ваъда дод, ки ҳамин ҳафта ҳама санадҳои зарурӣ барои хатми ин равандро қабул мекунад.
XS
SM
MD
LG