Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Эрон ва "шашгона" дар Вена идома дорад


Эрон ва “шашгона” – панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон рӯзи чаҳоршанбе, 19 март, дар шаҳри Вена музокирот оид ба барномаи ҳастаии Теҳронро идома доданд. Қарор аст, ки музокирот ҳамин рӯз анҷом ёбад.

Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф хабар дод, ки гуфтушунид хуб пеш меравад ва Теҳрон дар мавриди то рӯзи 20 июл имзо шудани созиш бо “шашгона” хушбин аст. Аббос Арақчӣ, раиси ҳайати Эрон дар ин музокирот, ба хабарнигорон гуфт, ки дар бораи таҳия шудани созишномаи ниҳоӣ ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст. Ба гуфтаи ӯ, даври навбатии гуфтушунид оид ба барномаи ҳастаии Эрон рӯзҳои 7 ва 8 апрел баргузор мешавад.

Эрон ва “шашгона” дар музокироте дар Женева моҳи ноябри соли гузашта дар мавриди гузаштҳое дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон ба созиш расида буданд. Мӯҳлати ин созиш моҳи июл поён меёбад ва аммо ҷонибҳо метавонанд онро тамдид кунанд.
XS
SM
MD
LG