Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Песков: Низомиҳои украинӣ метавонанд Қримро тарк кунанд


Дмитрий Песков

Дмитрий Песков

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор намуд, ки низомиёнии украинии мустақар дар Қрим ҳаққи интихоби пайвастан ба артиши Русия ё тарки нимҷазираро доранд. Дар сӯҳбат бо шабакаи Би-Би-Си ӯ хабар дод, ки иддае аз низомиёни украинӣ аллакай ба ҷониби ҳукумати Қрим гузаштаанд.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол дар Қрим тақрибан 20 ҳазор афсару сарбози украинӣ мустақаранд. Сухангӯи раисиҷумҳури Русия афзуд, русгароҳо дар Қрим мавриди тавтеъа онҳое қарор мегиранд, ки талоши ноором кардани авзоъ дар нимҷизираро мекунанд. Ба гуфтаи Песков, Русия хостори шурӯи ҷанг дар манотиқи шарқии Украина нест ва аммо барои дифоъ аз русҳои муқими ин минтақа аз ҳама чораҳои қонунӣ кор мегирад.

Рӯзи сешанбе дар як ҳамлаи низомиёни рус ба муассисаи низомии Украина дар Симферопол як афсари украинӣ кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Баъд аз ин вазорати мудофиаи Украина ба низомиёнаш иҷоза дод, ки ба хотири дифоъ аз қисмҳои ҳарбияшон аз силоҳ истифода баранд. Бештари муассисаҳои низомии Украина дар Қрим аз сӯи гурӯҳҳои худмудофиа муҳосира шудаанд.

18 март раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва раҳбарони русгарои Қрим созиш дар бораи ба Русия замима шудани Қрим ва шаҳри Севастополро имзо карданд.
XS
SM
MD
LG