Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони дифои СҲШ ба Тоҷикистон меоянд


Вазорати дифои Тоҷикистон эълон кард, ки нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар аввали моҳи апрел дар шимоли ин кишвар барпо мешавад. Фаридун Маҳмадалиев, сухангWи вазорати дифои Тоҷикистон рWзи чоршанбеи 19-уми март, дар суҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, ки ин нишаст ба таърихи 1 ва 3 апрел дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, қарор аст, дар ин нишаст вазирони дифои кишварҳои узви СҲШ ва намояндагони низомии ин кишварҳо ширкат кунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи хабарҳои баъзе аз расонаҳо, Сергей Шойгу ва Чан Вансюан, вазирони дифои Русия ва Чин изҳори омодагии ширкат дар нишасти Қайроқумро кардаанд.

Густариши ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ - фаннӣ миёни кишварҳои узви СҲШ, баррасии тавофуқҳои қаблан ба дастомад ва иҷрои он дар як соли ахир ва дурнамои иқдомоти муштарак дар як соли оянда аз масоили матруҳа дар нишасти навбатии Шӯрои вазирони дифои кишварҳои СҲШ арзёбӣ мешавад.

Ҳамчунин ба таъкиди Фаридун Маҳмадалиев, ширкатдорони нишасти Қайроқум, баргузории размоиши зиддитеррористӣ дар қаламрави Чин дар соли 2014 -ро низ баҳсу баррасӣ хоҳанд кард. Ин машқи низомӣ дар чорчӯби ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ - фаннии кишварҳои СҲШ сурат мегирад ва интизор меравад, иддае аз сарбозону афсарони кишварҳои узв, аз ҷумла Тоҷикистон низ дар он ширкат кунанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамчунин машқи низомӣ ба таърихи 7-14 июни соли 2012 дар қаламрави вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон дар маҳале бо номи Чорухдайрон баргузор гардид. Дар ин размоиш бештар аз 2 000 сарбозу афсар аз воҳидҳои низомии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой, ба ҷузъ аз низомиёни Узбакистон, ширкат карданд. Ба машқи низомӣ нируҳои ҳавоӣ, тӯпхона ва техникаи зиреҳдор ҷалб шуда буд.

Зимнан, Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистону Русия ва Узбакистону Чин узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мебошанд. Вале низомиёни Узбакистон дар ин машқҳо ширкат намекунанд.

Моҳи сентябри соли 2013 дар Бишкек, раёсати даврии СҲШ ба Тоҷикистон гузашт. Ба ин далел қарор аст, ки саммит ё нишасти сарони кишварҳои СҲШ низ дар тирамоҳи соли ҷорӣ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG