Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанозаи Алишер Аҳмадовро имрӯз ба хок месупоранд


Ҷанозаи Алишер Аҳмадов, хабарнигори собиқи бахши узбакии Радиои Озодӣ дар шимоли Тоҷикистонро имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ба хок месупоранд. Алишер Аҳмадов як рӯз пеш дар синни 60 аз олам гузашт. Алишер Аҳмадов 30 июни соли 1954 дар Душанбе ба дунё омада, баъди хатми риштаи филологияи Донишгоҳи шаҳри Саратови Русия дар рӯзномаи "Совет Тожикистони" ба ҳайси хабарнигор ба фаъолият шурӯъ кард. Баъд аз соли 1992 тайи қариб 10 сол ҳамчун хабарнигори ҳамин нашрия, ки ба "Халқ овози" табдил ном карда буд, дар вилояти Суғд фаъолият кард. Ӯ ҳамзамон барои бахши узбакии Радиои Озодӣ аз шимоли Тоҷикистон гузориш медод. Алишер Аҳмадов аз муассисони нашрияи мустақили "Тонг" ба забони узбакист, ки то ҳол нашр мешавад.
XS
SM
MD
LG