Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Ҷопон барои рушди манотиқи марзии Тоҷикистону Афғонистон


Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Ҷопон ба манзури иҷрои лоиҳаи беҳтар кардани зиндагии сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон маблағи 10, 7 миллион доллар тахсис медиҳад.

Маросими имзои созишномаи кӯмаки Оҷонсии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон имрӯз, чоршанбеи 19 март, дар дафтари Барномаи рушди СММ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ин санадро Хироюки Имахаши, сафири Ҷопон дар Душанбе, Александр Зуев, ҳамоҳангсози барномаи СММ дар Тоҷикистон ва Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои ин кишвар имзо карданд.

Ба иттилои масъулони Барномаи СММ дар Тоҷикистон, кӯмаки Оҷонсии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон барои беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии беш аз 1, 5 миллион сокинони вилоятҳои Қундуз ва Тахори Афғонистон ва ноҳияҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.

Ба таъкиди ин манбаъ қарор аст, дар чорчӯби иҷрои ин лоиҳа, дар ҳар ду манотиқи марзӣ 75 иншоот, назири мактабу бемористонҳо, хатҳои интиқоли об ва барқ ва обёрӣ бунёд гардад.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД
XS
SM
MD
LG