Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон аз номусоид шудани ҳаво дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз хабар дода, аз афзоиши мизони оби рудхонаҳо дар кишвар ва хатари селу обхезӣ ва фаромадани тарма ҳушдор додааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамакнун ба таъкиди мутахассисон бо фарорасии фасли баҳор ва зиёд шудани боришот дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб сатҳи оби дарё ва сойҳо баланд шуда, хавфи сар задани сел ба вуҷуд омадааст.

Холаҳмад Алиаҳмадов, ҷонишини сардори идораи Иттиҳодияи хоҷагии оби минтақаи Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 19-уми март дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар 10 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб зиёда аз 36 километр мавзеҳои хатарнок мавҷуд аст, ки дар ин маконҳо таҳдиди сар задании оби дарёҳо ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи ҷаноби Алиаҳмадов, мавзеҳои хавфнок асосан дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб, ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод, Темурмалик ва Ховалинг мебошанд, ки дар аксари ин мавзеъҳо ҳанӯз ҳам корҳои Холаҳмад Алиаҳмадов

Холаҳмад Алиаҳмадов

соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза кардани сойҳо идома дорад.

Ҷаноби Алиаҳмадов афзуд, ки «имсол аввалин бор соҳибкорон низ барои мустаҳкам намудани мавзеҳои хатарноки соҳили чапи дарёи Ёқсӯ, мавзеи Хоҷагии ҷангали минтақа, ки масофаи он 1100 метрро ташкил медиҳад, ҷалб шудаанд. Ташвиши мо бештар аз ҳамин мавзеъ буд, ки хеле хатарнок аст, агар ин макон соҳилбандӣ намешуд, таҳдиди сар задании об ба хонаҳои сокинони ноҳияи Кӯлоб ва қисмате аз сокинони ноҳияи Восеъро ба бор меовард».

Яке аз мавзеъҳои хатарноки ноҳияи Кӯлоб сойи Даҳана ба шумор меравад, ки корҳои соҳилбандӣ ва ё сойтозакунӣ ба ӯҳдаи ширкати сохтмонии "Нуроб" вогузор шудаааст. Ҳабибулло Давлатов, намояндаи ин ширкат иброз дошт, ки ҳангоми соҳилбандӣ ба мушкилоти баланд шудани сангу шағали дохили сой рубарӯ шудаанд, ки дар баъзе мавзеҳо баландии сангу шағали дохили сой аз соҳил бештар шудааст.

Ҳабибуллоҳ Давлатов

Ҳабибуллоҳ Давлатов

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи мутахассисон дар ин мавзеъҳо баланд бардоштани соҳил ва мустаҳкам кардани он солҳои охир натиҷа намедиҳад ва ин аст, ки имсол аввалин бор дар миёни сой маҷрои обро рост кардаанд. Айни замон тоза кардани дохили сой ва дарё идома дорад, ки то кунун дарозии 1450 метр ба паҳноии 28 метр ва чуқурии ду метр аз сангу шағал тоза карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол ба иттилои як манбаъи дигар дар Иттиҳодияи хоҷагии оби минтақаи Кӯлоб, «корҳои соҳилбандӣ дар шаҳру навоҳии Кӯлоб мебоист аз 1-уми августи соли гузашта шурӯъ шуда ва дар 1-уми марти соли ҷорӣ ба итмом мерасид, вале ҳарсол аз сабаби саривақт ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ, ин кор то моҳи апрел тӯл кашидааст. Мутаассифона дар чунин ҳолатҳо мо имкон надорем, ки корҳои соҳилбандиро ба таври зарурӣ анҷом диҳем.»

Ин манбаъ мегӯяд, «айни замон мавзеҳои Заркамар, Шобика, Тосқалъа дар ноҳияи Восеъ, Сойи Тебалай, Хоҷа Ҳақиқ, Лангар дар ноҳияи Мӯъминобод, мавзеъҳои Ҷерқалъа, Ёқсучиён дар ноҳияи Кӯлоб ва ҳамиингуна мавзеъҳо дар ноҳияҳои Шӯроободу Ховалинг барои омадани сел ва ё таҳдиди обхезӣ пурра соҳилбандӣ нашудаанд ва ба талабот ҷавобгӯ намебошанд.»

Зимнан, бар асоси қарори вижаи ҳукумати Тоҷикистон барои таъмиру бозсозии сойи Тебалай, ки аз миёни шаҳри Кӯлоб ҳамчун сойи селпарто мегузарад, 3 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст. Интизор меравад, 7 пул ё купруки хурду бузурге, ки дар масофаи 5 ҳазор метр ду қисмати шаҳрро мепайвандад пурра азнавсозӣ шавад. Агар ин қисмати хатарзои селгузар таъмиру бозсозӣ шавад, шумораи зиёди шаҳрвандон аз вартаи селу обхезӣ эмин мегардад.

Иқдомот барои мустаҳкам кардани соҳили дарёҳо дар минтақаи Кӯлоб дар ҳолест, аз вуқуи селоби пуршиддат дар Кӯлоб, ки шаби 6 ва 7 майи соли 2010 рух дода буд, чор сол сипарӣ мешавад. Дар пайи ин селоб 9 нафар кушта ва 38 нафари дигар бедарак шуданд. Аммо Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон шумораи кушташудагонро 15 нафар нишон дода буд. Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Ҳилоли Аҳмар, «Наҷоти кӯдакон»-и Британия ва ниҳодҳои СММ ба осебдидагони офати табиӣ дар Кӯлоб кумакҳои башардӯстона пешкаш кардаанд. Ин кӯмакҳо аз хаймаҳо ва ашёи рӯзгор иборат буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG