Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти футболбози маъруфи “Помир”-и Душанбе


Геннадий Черевченко
Геннадий Черевченко

Геннадий Черевченко, собиқ бозигари машҳури дастаи «Помир»-и Душанбе, рӯзи 18-уми март дар синни 67-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Геннадий Черевченко 16-уми марти соли 1948 дар ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вай нахуст дар дастаи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа (соли 1967) ба ҳайси ҳимоятгар бозӣ мекард. Аз соли 1969 то соли 1986 дар дастаи «Помир»-и Душанбе бозӣ кардааст.

Вай дар «Помир» аз ҳама бештар - 563 бозӣ карда, 22 гол задааст. Ӯ соли 1996 мураббии дастаи «Обнинск»-и Русия буд. Баъдан дар бошгоҳи «Локомотив»-и Маскав ба ҳайси мураббӣ фаъолият дошт. Ӯ солҳои ахир мураббии дастаи навҷавонони «Локомотив-2» буд.

Алимаҳмад Мирзоев, собиқадори футболи тоҷик, ба радиои Озодӣ гуфт: «Геннадий Черевченко дар рушди футболи тоҷик хизмати арзанда кардааст. Ӯ барои маҳорати баландаш бо унвони «Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ» сарфароз гаштааст. Ин устоди маъруфи футбол то охирин рӯзҳои ҳаёташ бо тӯбу шогирдон дар майдон буд. Ва минбаъд кори ӯро шогирдонаш, минҷумла писараш Игор Черевченко, ки дар дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ кардааст, идома медиҳанд. Ёди неки Геннадий Иванович дар хотири мо, дӯстону ҳамдастаҳояш, абадӣ боқӣ хоҳад монд.»

Вай авоили солҳои 90-ум ба Русия рафта то охири ҳаёташ дар Маскав кору зиндагӣ мекард ва дар ҳамин ҷо аз олам гузашт.
XS
SM
MD
LG