Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден рӯйдодҳои Украинаро ғайриқобили боварӣ медонад


Ҷо Байден
Ҷо Байден
Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, пайвастани Қрим ба Русия “ба ҷуз аз ишғолгарӣ” чизи дигаре нест. Вай гуфт, амнияти дастаҷамъӣ сармоягузории НАТО-ро идома медиҳад ва Амрико ҳамчунон уҳдадор хоҳад монд, ки системи дифоъи зиддимушакӣ то соли 2018 дар Полша ташкил шавад.

Вашингтон аз НАТО хоҳад хост, ки дар пасманзари фаъолиятҳо ва таҳдидҳои Русия нақшаҳои иловагии худро бознигарӣ кунад. Ҷо Байден афзуд, Инзивои Русия дар арсаи байналмиллалӣ бештар хоҳад шуд ва ин кишвар аз ҷониби Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба таҳримҳои бештар дучор хоҳад омад, агар Русия ҳамин равиши худро тидома диҳад.

Ҷо Байден дар пасманзари бӯҳрони Украина вориди Варшава-пойтахти Полша шуд. Боздиди вай ду рӯз аз Полша ва Литва идома меёбад. Вай бо Доналд Туск-нахуствазир ва Бронислав Коморовский-раиси ҷумҳури Полша мулоқот мекунад. Вай дар Варшава алоҳида бо Томас Ҳендрик Илвес-раиси ҷумҳури Эстония дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Байден дар идомаи боздиди худ рӯзи чаҳоршанбе дар Вилнюс-пойтахти Литва бо Далия Грибаускайте-раиси ҷумҳури Литва ва Андрис Берзинз-раиси ҷумҳури Латвия мулоқот хоҳад дошт.

Ин мулоқотҳо бо кишварҳои узви паймони НАТО бахше аз тавсеаи маъракаи ташвиқи Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия аст, ки аз таҷовуз ба Украина даст кашад. Латвия ва Эстония бо Русия марзи муштарак доранд. Полша ва Литва дар наздикии Русия ҷойгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG