Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолномаи Дилшод Раҳимӣ


Раҳимов Дилшод Камолович (Раҳимӣ; с.тав. 28.04.1974) – фолклоршиноси тоҷик, номзади илми филология (2003). Ў пас аз хатми мактаби миёнаи №70-и н. Ҳисор (1991) ва Омўзишгоҳи касбӣ-техникии №52-и ш. Душанбе (1992) дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсили илм намудааст. Солҳои 1999-2002 аспиранти Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ буда, соли 2003 ў рисолаи номзадиро дар мавзўи «Шугун ҳамчун жанри фолклори тоҷик» дифоъ кардааст. Раҳимов Д. фаъолияти кории худро дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ба ҳайси омўзгори калони кафедраи филология шурўъ намудааст. Ў аз моҳи сентябри с. 2006 мудири шуъбаи фолклори ИЗА таъйин гашта, то ба имрўз ин масъулиятро ба дўш дорад.

Раҳимов Д. муаллифи китобҳои «Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик» (2004), «Чинори пургул» (2008), «Фолклори тоҷик» (2009), «Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва ойинҳои суннатии тоҷикон» (2011), «Гулчини зарбулмасалу мақолҳои халқҳои ҷаҳон» (2012), «Ҷашни Меҳргон» (2012), мураттиби маҷмўаи «Фарҳанги мардуми диёри Турсунзода» (ҳамроҳ бо Р. Аҳмад, 2012) ва беш аз 100 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ буда, таълифоти илмияш дар дохили кишвар ва берун аз он ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, кореягӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ба хатти форсӣ ба табъ расидаанд. Баъзе аз мақолаҳояш дар сомонаҳои Интернет низ нашр гардида, дастраси хонандагони миқёси ҷаҳонӣ гаштаанд. Соли 2007 маҷмўаи достонҳои эпоси «Гўрғулӣ»-ро бо адабиётшиноси эронӣ С. Ҳунарманд ба хатти форсӣ баргардон намуда, бо унвони «Ҳамосаи Гўрғулӣ ба ривояти тоҷикӣ» дар ИМА нашр намудааст.

Раҳимов Д. дар қатори таҳқиқи масъалаҳои фолклоршиносӣ ба омўзиши масоили антропология ва мардумшиносӣ низ машғул шудааст, ки ин падида дар китобу мақолаҳои илмии ў ба таври барҷаста ба назар мерасанд. Ў бештар дар мавзўъҳои назарияи фолклор, насри шифоҳӣ, мифология, ҷашну маросимҳо ва бовару эътиқодоти мардуми тоҷик пажўҳиш мебарад. Раҳимов Д. аз соли 2006 узви Созмони фолклори Амрико мебошад, ки ин созмон беш аз 2000 фолклоршиносонро аз кишварҳои ҷаҳон муттаҳид кардааст. Ў дар якчанд курсҳои такмили ихтисос ва мактабҳои тобистонаи байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби сертификату шаҳодатномаҳо дар соҳаи мардумшиносию антропология шудааст. Барои силсилаи мақолаҳо ва монографияи «Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик» Раҳимов Д. сазовори ҷоизаи АИ ҶТ барои олимони ҷавон (2008) гаштааст. Соли 2013 барои силсилаи мақолаҳо роҷеъ ба фолклор ва этнографияи халқи тоҷик бо Ифтихорномаи Академияи Илмҳои ҶТ қадрдонӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG