Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳастаии Эрон дар Вена шуруъ мешавад


Рӯзи сешанбе дар Вена мулоқоти ҳайатҳои шаш қудрати ҷаҳонӣ бо ҳайати Эрон дар бораи барномаҳои ҳастаии ин кишвар аз сар гирифта мешавад. Музокирот барои ҳали бӯҳрони ҳастаии Эрон дар ҳоле аз сар гирифта мешавад, ки Эрон ожонсҳои кашфи хориҷиро муттаҳам кардааст, ки онҳо хостаанд дар яке аз таъсисоти ҳастии ин кишвар харобкорӣ кунанд.

Асғар Зореъон-яке аз мақомоти баландпояи Созмони энержии ҳастаии Эрон ожонсҳои кашфи хориҷиро, ки аз онҳо ном бурда намешавад, барои талоши харобкорӣ дар реактори Арак муттаҳам намуд.

Агар сохтмони реактори Арак ба поён расад, он вақт ин таъсисот метавонад плутониум истихроҷ кунад, яъне сӯхте, ки метавонад барои иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ истифода шавад. Эрон Исроил ва Амрикоро муттаҳам мекунад, ки онҳо амалиёти пинҳониро барои фалаҷ кардани барномаҳои ҳастаии Эрон анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG