Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб аз тими "Зат Рас"-и Урдун бо ҳисоби 2-3 шикаст хӯрд.

Бозии даври севуми Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А» миёни «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон ва «Зат Рас», барандаи Ҷоми Урдун-2013, имрӯз, 18-уми март, дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 4 000 тамошобин баргузор шуд. Ба ин бозӣ гурӯҳи ҳакамон аз Қирғизистон бо раҳбарии Дмитрий Машентсев доварӣ карданд.

Ҳисобро А. Ҷармеш, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 21-ум боз кард. Баъдан Нӯъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари "Равшан", дар дақиқаи 35-ум ҳисобро баробар намуд. Вале пас аз ду дақиқа "Зат Рас" боз ба пеш баромад. Голро М. Мовафӣ зад. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1-2 ба охир расид.

Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 79-ум ҳамлагар Соломон Течи, легионери африқоии «Равшан» аз Гана, ҳисобро баробар кард – 2-2. Вале баъди даҳ дақиқа боз «Зат Рас» муваффақ гашт ва тӯби севумро Баҳо Абдулраҳмон ба дарвозаи «Равшан» ворид кард.

Ҳайати “Равшан” дар ин бозӣ чунин буд: Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов (капитан), Содиқ Мӯсо (Комрон Саидзода, 15), Алексей Неъматов, Сайриддин Ғаффоров, Ҳикматулло Расулов, Соломон Течи, Ҳасан Рустамов, Бахтиёр Ҳасанов, Наврӯз Рустамов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 76), Нуъмонҷон Ҳакимов.

Дар ин бозӣ капитани «Равшан» Далерҷон Тухтасунов дар дақиқаи 71 –ум ва се бозигари «Зат Рас» - Ёсин Мутаз (65), Фадӣ Шоҳин (78) ва Ҳотам Оқил (83) огоҳӣ гирифтанд.

Бозии дигари даври севум дар ин гурӯҳ миёни дастаҳои «Ал Сувайқ”-и Умон ва «Сафо»-и Лубнон имрӯз бо пирӯзии "Сафо" бо ҳисоби 1-0 хотима ёфт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Сафо» 3 3 0 0 4-1 9
2 «Зат Рас» 3 2 0 1 4-3 6
3 «Ал Сувайқ» 3 1 0 2 3-3 3
4 «Равшан» 3 0 0 3 4-8 0

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)

«Ал Сувайқ» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 3-1
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун) – 1-0

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)

«Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон) -1-0
12-уми март (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон) - 1-2

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)

«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун) -2-3
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Сафо» (Лубнон) -0-1

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)

«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Ал Сувайқ» (Умон)

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)

«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал Сувайқ» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)

«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG