Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқчии байналмиллалӣ боздошт шуд


Дарко Сарич
Дарко Сарич
Бино ба гузориши матбуоти Сербистон, дар як амалиёти муштарак пулиси Сербистон ва Черногория ё Монтенегро як нафари машкук ба қочоқчии байналмиллалии маводи мухаддирро боздошт кардаанд. Боздошти ин шахсро, ки Дарко Сарич ном дорад, манобеи расмӣ таъйид накардаанд.

Дар ҷиноятҳои созмонёфтаи Балкан Сарич шахси калидӣ дониста мешавад. Соли 2009 номи вай дар сархати хабарҳои ҷаҳон қарор гирифта буд. Он вақт дар як амалиёт, ки пулиси байналмиллалӣ зери номи рамзии “Ҷанговари Балкан” анҷом дода буд, дар наздикии Мотевидео-пойтахти Уругвай аз киштие беш аз як тон кокаин мусодира карданд.

Чанд нафар аз ҳамдастони вай боздошт шуданд, вале он вақт ба Сарич муяссар шуд, ки фирор кунад. То ҳол маҳали иқомати вай маълум набуд.

Иддао мешавад, ки вай дар Себистон пулҳои аз қочоқ ба дастовардаи худро бо сармоягузорӣ дар дар бахшҳои хусусӣ шустушӯ мекард. Вай ҳамчунин дар миёни раҳбарони боломақоми Сербистон шабакаи ҳомиёни худро ташкил карда буд.
XS
SM
MD
LG