Пайвандҳои дастрасӣ

Бамгузори маргталаб 15 нафарро ба қатл расонд


Дар шаҳри Маймана-маркази идории вилояти Форёби Афғонистон як бамгузори маргталаб худро мунфаҷир кард ва дар ин ҳодиса дастикам 16 нафар кушта шуданд. Муҳаммадуллоҳ Патош-волии вилоят гуфт, рӯзи сешанбе ин бамгузори маргталаб ҳангоме, ки аробаро мекашид, худро дар назди посгоҳе дар даромадгоҳи бозори пуродам мунфаҷир сохт ва ба ҷуз аз 16 нафар кушташудагон даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Абдулсаттор Бориз-муовини волии вилояти Форёб мегӯяд, ки ҳамаи кушташудагон ғайринизомӣ будаанд ва субҳ онҳо ба кори худ шитоб мекарданд. Масъулияти ин ҳамларо касе ё гурӯҳе бар уҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG