Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари як таркиш дар бозоре дар шимоли Афғонистон 15 нафар ҷон бохта ва 31 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ин таркиш субҳи имрӯз дар бозоре дар шаҳри Маймана, маркази вилояти Форёб сурат гирифтааст. Муҳаммад Патош, волии Форёб имрӯз сешанбе дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса гуфт, ки фарде савори ароба ва ё рикша буд, ҳангоми расидан ба наздикии бозор, худро мунфаҷир кард.

Аз ҷониби дигар, фармондеҳи амниятии ин вилоят ба радиои "Озодӣ" гуфт, ин ҳамла аз сӯи як шахси интиҳоркунандаи савор ба ароба ё рикша дар як чорроҳа дар шаҳри Маймана, маркази ин вилоят рух дод.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳанӯз равшан нест, ки шахси интиҳоркунанда чи ҳадаферо дунбол мекардааст, аммо замоне вай бо пурсуҷӯи нерӯҳои пулис рӯбарӯ шуд, худро мунфаҷир кард.

Дар мавриди талафоти ин ҳодиса раиси бахши сиҳати оммаи вилояти Форёб Абдулалим Ҳалим мегӯяд, ки 14 ҷасад ба бемористон мунтақил шуда ва ҷасади як тани дигар пора-пора шудааст. Вай гуфтааст, ки ҳама қурбониёни ин ҳодиса ғайринизомиён мебошанд.

Дар айни ҳоли масъулони амниятии ин вилоят гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса ду нафар аз нерӯҳои пулис ва як пулиси роҳ захмӣ шудаанд. Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ кас ва ё гурӯҳе ба ӯҳда нагирифтааст.

Вилояти Форёр воқеъ дар шимоли Афғонистон дар марз бо ҷумҳурии Туркманистон қарор дорад ва табқи гузоришҳо дар ин минтақа нерӯҳои тарафдори Толибон ҳузур доранд. Гурӯҳи марбут ба Толибони Афғонистон дар авохири моҳи гузашта се сарбози кишвари Туркманистонро дар минтақаи Марӣ, ҳамсарҳад бо вилояти Бодғиc ба қатл расонида буданд.
XS
SM
MD
LG