Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии “Равшан”-и Кӯлоб бо "Зат Рас"-и Урдун имрӯз, 18-уми март, дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.

Пеш аз бозии даври севуми Ҷоми АФК-2014 дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон ва «Зат Рас», барандаи Ҷоми Урдун-2013, шоми 17-уми март дар меҳмонхонаи «Asia grand hotel»-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Ба суолҳои хабарнигорон намояндагони ҳарду бошгоҳ посух доданд.

Маъруф Рустамов, мураббии калони «Равшан»:
- Моро бозии мураккаб интизор аст. Мутаассифона, дар бозии охирин бо «Сафо»-и Лубнон ду бозигарии асосии мо – нимҳимоятгар Абдусамад Ҳоҷибоев ва ҳамлагар Давронҷон Тухтасунов лат хӯрданд. Ширкати онҳо дар бозӣ бо «Зат Рас» зери суол аст. Ба ҳар ҳол мо мекӯшем, ки бозии хуб нишон диҳем. Вале дар бораи рақибамон ҳеҷ гуна иттилоъ надорем ва дар ҷараёни бозӣ ошноӣ пайдо мекунем. Мо ҳамеша дар бораи муваффақият фикр мекунем ва танҳо бо мақсади пирӯзӣ пой ба майдон мениҳем. Бояд гуфт, ки ба иллати камбуди маблағ мо ба Ҷоми АФК хуб омодагӣ дида натавонистем. Бо сабабҳои гуногун мо танҳо 5-6 рӯз пеш аз бозӣ ҷамъ мешавем. Бинобар ин дар ҳоли ҳозир барои дар чунин сатҳ бозӣ кардан дастаи мо омода нест.

Дилшод Шарифов, менеҷери «Равшан»:
- Имсол бошгоҳи мо бо мушкилоти зиёди молӣ рӯбарӯ шудааст. Агар мо соли гузашта ба Ҷоми АФК ду моҳ пеш омодагӣ дида бошем, имсол ба бозии аввал бо «Ал-Ярмук»-и Умон як ҳафта пеш ҷамъ шудем. Ҷоми АФК ин мусобиқаи ҷиддист, дар ин ҷо рақибонамон пурзӯранд ва бе омодагии пухта, бе ҷамъомади комил натиҷаи хуб ба даст овардан ниҳоят мушкил аст. Ман дар назди бачаҳоямон, ки ба чунин вазъияти ногувор нигоҳ накарда, ба майдон мебароянд ва футболи сазовор нишон медиҳанд, сари таъзим фуруд меорам. Мо умедворем, ки дар бозӣ бо «Зат Рас» пирӯз мешавем ва бозии хуб нишон медиҳем. Беҳуда нагуфтаанд, ки «дар хона деворҳо низ кӯмак мекунанд.»

Аҳмад Абу Исмоил, сармураббии «Зат Рас»:
- Дар Душанбе мо бо мушкилоти зиёд мувоҷҷеҳ шудем. Мизбонон моро саривақт бо автобус таъмин накарданд, ки ба тамрингоҳ равем. Ғизо дар меҳмонхона моро қаноатманд намекунад. Дар бозӣ бо «Равшан» гуфтаниям, ки рақиби мо дастаи бисёр хуб аст ва дар ҳайати он бозигарони мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунанд. Инчунин дар хатти пеш ҳамлагар аз Гана роли калидӣ мебозад. Ба ҷуз ин, имрӯз ба ман ёваронам баъди он ки аз варзишгоҳи «Металлург» дар шаҳри Турсунзода дидан карданд, хабар доданд, ки вазъи майдон хеле риққатовар аст. Бинобар ин бозӣ барои мо осон нахоҳад буд. Дар бораи ҳайати дастаамон гуфтаниям, ки мо се легионер – ду суриягӣ ва як мисрӣ дорем. Ба ғайр аз ин, се бозигари мо дар дастаи мунтахаби миллии Урдун бозӣ мекунанд.

Дар бозии дигари даври севум дар ин гурӯҳ рӯзи сешанбе «Ал Сувайқ”-и Умон дар майдони худ бо «Сафо»-и Лубнон рақобат мекунад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Сафо» 2 2 0 0 3-1 6
2 «Ал-Сувайқ» 2 1 0 1 3-2 3
3 «Зат Рас» 2 1 0 1 1-1 3
4 «Равшан» 2 0 0 2 2-5 0

Давраи гурӯҳии Ҷоми АФК-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон) – 3-1
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун) – 1-0

Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Ал Сувайқ» (Умон) -1-0
12-уми март (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон) - 1-2

Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Ал Сувайқ» (Умон)

Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Ал Сувайқ» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)

Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Ал Сувайқ» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG