Пайвандҳои дастрасӣ

Кабирӣ: Суботи миллӣ душмани "дохилӣ" пайдо кардааст


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар мақомоти давлатӣ касоне кор мекунанд, ки сиёсатҳои ошкори зидди сулҳу субот мебаранд. Дар баёнияи расмии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи гузашта дар сомонаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба нашр расид, ҳадафи таблиғу ташвиқ алайҳи ин ҳизб дар расонаҳо ҳадафмандона арзёбӣ шуда, мақсади аслии он, дар остонаи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ барҳам задани сулҳу субот ва оромии кишвар хонда шудааст.
Дар баёнияи Муҳиддин Кабирӣ, ки шоми 17 март ба нашр расидааст, аз ҷумла омадааст, ки дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғоти густардае алайҳи ҲНИТ ба роҳ монда шудааст, ки далолат аз як амали барномавии тарроҳишуда ва ҳадафмандона будани он мекунад.

Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, «ҳадафи аслӣ эҷоди фазои адовату кина ва нобоварӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа, бахусус нерӯҳои асосии сиёсии кишвар мебошад ва дар арафаи ҷашни навбатии Ваҳдати миллӣ бо назардошти шароити ноҳамвори сиёсию иҷтимоии минтақа, бахусус ҳодисаҳои Украина ва дар оғози соли омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ баёнгари он аст, ки ҳадафҳои тарроҳони ин барнома танҳо зарба задан ба ҲНИТ набуда, балки барҳам задани сулҳу субот ва оромии кишвар мебошад.»

Ҷаноби Кабирӣ бо таассуф зикр кардааст, ки баъзе афрод ва доираҳо бо надоштани нигоҳи давлатмардона, нафаҳмидани оқибатҳои ин иғвоандозиҳо, дониста ё надониста ба василаи роҳандозии сиёсатҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллӣ табдил гаштаанд. Кабирӣ дар баёнияи худ меафзояд, ки дигар ҲНИТ «ҳақиқати ошкор»-ро пинҳон надошта айбро бар дӯши доираҳои хориҷӣ наяндохта сиёсатҳои зиддинаҳзатиро кори дасти мақомоти давлатӣ ва расонаҳои он медонад. ҲНИТ аз он бештар изҳори ташвиш мекунад, ки ваҳдат ва суботи миллии кишвар душмани «дохилӣ» пайдо кардааст ва онҳо беш аз пеш қавитару ҷасуртар мешаванд.

Муҳиддин Кабирӣ аз роҳбарияти кишвар ҳамчун кафили амнияти давлат ва суботи ҷомеъа, инчунин имзокунандаи Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ даъват кардааст, ки аз таблиғу ташвиқи маъракаи густардаи зидди ҲНИТ ҷилвгирӣ кунад ва пеши роҳи тафриқаандозони миллатро бигирад.
XS
SM
MD
LG