Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ: 19 март бозии ниҳоӣ – «Хайр» - «Истиқлол»


Дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Истиқлол»-и Душанбе ба бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2014 роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои ниманиҳоӣ, ки рӯзи 17-уми март дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуданд, «Хайр» бар тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1-0 ва «Истиқлол» бар ҳайати ҷавонони «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 6-0 ғалаба карданд.

Ҳамин тариқ, дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи чоршанбеи 19-уми март соати 15:00 шурӯъ мешавад, «Хайр» ва «Истиклол» барои Ҷоми ФФТ мубориза мебаранд. Қабл аз бозии ниҳоӣ дастаҳои «Хуҷанд» ва «Равшан» барои ҷойи севум талош хоҳанд кард (соати 12.00).

Ҷоми ФФТ. Давраи ниҳоӣ
Нимфинал

«ХАЙР» - «ХУҶАНД» - 1:0
Гол:
Алишер Улмасов, 115.
«Хайр» (Ваҳдат): Анатолий Старушенко, Идибек Ҳабибуллоев, Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Менсаҳ Даниэл Абан, Баҳодур Шарифов, Маҳмадалӣ Содиқов, Амирбек Ҷӯрабоев, Бебей Кингли Поул (Мӯҳсин Абдуғаффоров, 120), Алишер Улмасов, Ҳусейни Сӯҳробӣ (Айдох Наполеон, 72), Мирзобек Мирзоев.
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Абдулазиз Маҳкамов, Манучеҳр Аҳмадов, Бенҷамин Аманква, Бенҷамин Авуко, Алишер Қосимов (Фирдавс Ҳоҷиев, 78), Нодирбек Маъмиров, Ҷамолиддин Зардиев, Фирӯз Юсуфов, Ҳусейн Ҷалолов (Дилшод Каримов, 66), Чарлз Теко, Турсуналӣ Рустамов.
Огоҳонида шуданд: Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Бенҷамин Аманква («Хуҷанд»).
Аз майдон хориҷ шуданд: Мирзобек Мирзоев («Хайр»), 45+1 – барои бо пой задани рақиб, Чарлз Теко («Хуҷанд»), 45+1 – корти дувуми зард.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

17-уми март. Душанбе. Майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

«ИСТИҚЛОЛ» - «РАВШАН» - 6:0
Голҳо:
Дилшод Восиев, 10 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 12 (2:0). Аҳтам Назаров, 17 (3:0). Виллер Соуза Оливейра, 32 – аз пеналтӣ (4:0). Умедҷон Шарифов, 38 (5:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 81 (6:0).
«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев (Никола Стошич, 46), Эраҷ Раҷабов (Глаубер Да Силва, 46), Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Умедҷон Шарифов, Нуриддин Давронов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46), Виллер Соуза Оливейра, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (Даврон Мирзоев, 68), Аҳтам Назаров (Комил Саидов, 46).
«Равшан» (Кӯлоб, ҳайати ҷавонон): Баҳодур Шамсов, Зариф Рустамов, Абубакр Азизов, Тоҳир Рустамов, Ҳувайдои Каримхон, Хуршед Абдуллоев, Бахтиёр Комилов (Ҳусейни Маҳмадалӣ, 66), Далер Чолов (Меҳроҷ Сафаров, 75), Зокир Абдулхайров, Ширин Наимов, Фатҳуллои Иззатулло (Даврон Шарифов, 47).
Огоҳонида шуданд: Ҷаҳонгир Ҷалилов, Виллер Соуза Оливейра, Умедҷон Шарифов, Сиёвуш Асроров («Истиқлол»), Тоҳир Рустамов, Ширин Наимов, Ҳувайдои Каримхон, Далер Чолов, Хуршед Абдуллоев («Равшан»).
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
17-уми март. Душанбе. Майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

19-уми март (чоршанбе)
Бозӣ барои ҷойи севум
12.00
- «Хуҷанд» - «Равшан»
Финал
15.00 - «Хайр» - «Истиқлол»
XS
SM
MD
LG