Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавои номусоид дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз


Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон аз номусоид омадани ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои иди Наврӯз хабар медиҳад.Масъулони Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 18-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи пешгӯиҳо, рӯзҳои 21 ва 22 март дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар аст. Дар водиҳо резиши борон ва дар кӯҳистон борону барф рух медиҳад. Ҳамчунин ба гуфтаи масъулони ин марказ, зиёд шудани оби бархе аз рудхонаҳо, ба хусус дарёи Ёхсу, Қизилсу, Хингов ва хатари селу обхезӣ вуҷуд дорад. Ин аст, ки ба таъкиди масъулони ин марказ дар ноҳияҳои кӯҳистон эҳтимоли фаромадани тарма ва дар водиҳо сар задани селу обхезӣ аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ба тамоми вазорату идораҳо ва ниҳодҳои марбута огоҳинома фиристодааст, то ба ҳавои номусоиди рӯзҳои 21 ва 22 март омода бошанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки таҷлили иди бостони Наврӯз ба таърихи 21 ва 22 март рост меояд ва дар аксари ноҳияҳову шаҳрҳо ва ҳатто ҷумҳурӣ маросимҳои идона сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG