Пайвандҳои дастрасӣ

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон мусобиқоти идона оид ба намудҳои мухталифи варзиш баргузор мешавад.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Раҳматшо Камолов, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, хабар дод.


Раҳматшо Камолов гуфт, “дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҳамаи манотиқи кишвар мусобиқот аз рӯи намудҳои миллӣ ва риштаҳои маъмули варзиш, монанди шоҳмоту шашка, волейбол, футбол, тенниси рӯи миз ва ғайра баргузор мешавад. Чунончи, рӯзҳои 21-ум ва 22-юми март дар Душанде, дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи гуштии юнониву румӣ барпо мегардад. Рӯзи 23-юми март дар ноҳияи Данғара мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ таҳти сарпарастии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ширкати беҳтарин паҳлавонон аз ҳамаи манотиқи кишвар доир хоҳад шуд. Ғолибони мусобиқа дар нӯҳ вазн бо тӯҳфаҳои арзишманд мукофотонида мешаванд. Ба ҷуз ин ғолибони ду гурӯҳ – то вазни 75 кг ва аз он боло бо ҷоизаҳои олии раиси ҷумҳури Тоҷикистон - мошинҳои сабукрав - сарфароз мегарданд. Чунин мусобиқаи паҳлавонӣ рӯзи 25-уми март дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо дастгирии сарпарастон сурат мегирад. Ҳамчунин дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз дар шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав низ мусобиқаи гуштии миллӣ доир мешавад. “

Ба иттилои Раҳматшо Камолов рӯзи 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони феълии Тоҷикистон ва тими “Истиқлол”-и Душанбе, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2013, барпо мегардад. Дар ин бозӣ ширкати Йозеф Блаттер, раиси ФИФА (Федератсиюни байналмилалии футбол), дар назар аст. Инчунин дар ин ҷо чорабиниҳо бахшида ба Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон доир хоҳад шуд.

Ҷаноби Камолов иброз дошт, ки бархе аз варзишгарони тоҷик дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз дар мусобиқоти байналмилалӣ дар хориҷи кишвар иштирок хоҳанд кард. Чунончи, Нилуфар Содиқова ва Шамсия Ҳафизова дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до (ВТФ) миёни наврасон, ки аз 19-ум то 22-юми март дар Тайван барпо мегардад, ширкат меварзанд. Нилуфар дар вазни 49 кило ва Шамсия дар вазни 55 кило рақобат мекунанд. Варзишгарони ҷавон дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи августи соли равон дар Нанҷинги Чин доир мешаванд, мубориза мебаранд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии Гран При оид ба дзюдо, ки аз 28-ум то 30-юми март дар шаҳри Самсуни Туркия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG