Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилон Қримро "ҷумҳурии мустақил" эълон карданд


Ҳукумати русгарои нимҷазираи Қрим рӯзи душанбе, 17 март, минтақаро кишвари мустақиле эълон кард, ки дар он шаҳри Севастопол мақоми вижа дорад. Ба иттилои дафтари матбуоти парлумони Қрим, аз мустқилияти Қрим ва даъват барои пазируфтани он ба ҳайати Русия 85 вакил раъй додаааст.

Дар иҷлосия ҳамчунин парлумон аз Радаи Қрим ба Шӯрои давлатии Қрим табдили ном кард.

Ба иттилои расмии мақомоти интихоботии Қрим, аз пайвастани нимҷазираи Қрим ба Русия тақрибан 97 дар сади ширкаткунандагони раъйпурсиии рӯзи якшанбе пуштибонӣ кардаанд. Раиси комиссиюни баргузории раъйпурсӣ Михаил Малишев баъд аз анҷоми баршумурдани баргаҳои раъй ба хабарнигорон гуфт, ки ин иттилоъ бидуни натоиҷи раъйпурсӣ дар шаҳри Севастопол аст. Натиҷаҳои расмии райъпурсӣ дар нимҷазираи Қрим ва шаҳри Севастопол дертар нашр хоҳанд шуд.

Дар варақаҳои раъйпурсии рӯзи якшанбе ду суол сабт шуда буд -“Оё шумо ҷонибдори пайвастани Қрим бо Русия ҳамчун як бахши Федератсиони Русияед”” ва “Оё Шумо аз эҳёи Қонуни асосии Ҷумҳурии Қрим аз соли 1992 ва мақоми Қрим чун як бахши Украина ҷонибдорӣ мекунед?”.

Ҳукумати Киев, раҳбарони ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ раъйпурсии Қримро “ғайриконститутсионӣ” номиданд. Аммо Русия онро комилан қонунӣ мешуморад ва Думаи давлатӣ ваъда додааст, ки дар наздиктарин фурсат дар мавриди пайвастани Қрим ба ҳайати Русияро тасмим бигирад.

Ба навиштаи расонаҳои чопи Маскав, қарор аст, ки Владимир Путин рӯзи сешанбе аз Маҷлиси Федеролӣ хостори баррасии мавзӯи пазируфтани Қрим ба ҳайати Русия шавад.
XS
SM
MD
LG