Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи 4,5 кило афюн аз мошини корманди Роҳи оҳан


Кормандони мақомоти тоҷик аз дохили мошини як масъули Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон чоруним кило афюн дарёфт кардаанд.

Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 17-уми март бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони милитсия зимни гузаронидани чораҳои ҷустуҷӯӣ дар корхонаи таъмири вагонҳои мусофирбари истгоҳи роҳи оҳани «Роҳатӣ» Мирзоев Саймуҳиддин, корманди идораи роҳи оҳанро бо маводи нашъадор дастгир кардаанд.

Масъулияти Мирзоев Саймуҳиддин дар Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон, тавре ВКД хабар медиҳад, «дастурдиҳандаи корхонаи захираҳои роҳбаладони идораи Роҳи оҳан» мебошад.

Кормандони ВКД дар вақти тафтиши мошини ӯ тамғаи «Тайота-Кемрӣ» 1-адад пакети селофанӣ, ки дар дохили он 4 килою 378 грамм маводи нашъадори навъи «афюн» буд, дарёфт ва мусодира кардаанд.
XS
SM
MD
LG