Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паҳлавони тоҷик - барандаи нишони биринҷии Ҷоми Аврупо


Темур Раҳимов, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон дар Туркия медали биринҷӣ ба даст овард.

Ин мусобиқаи кушодаи байналмилалӣ бо ширкати 389 гуштигири навраси солҳои таваллудашон 1997-1999 (246 писар ва 143 духтар) аз 16 кишвар, минҷумла ду кишвари Осиё – Тоҷикистон ва Туркманистон, рӯзҳои 15-16-уми март дар шаҳри Анталия баргузор шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, рӯзи 17-уми март хабар дод. Вай гуфт, «дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ҳашт гуштигир ва чаҳор мураббӣ намояндагӣ карданд. Паҳлавони навраси тоҷик Темур Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 килограмм бар Камол Каитов аз Русия ва Шамилӣ Гоготчури аз Гурҷистон ғолиб омад, вале дар нимфинал аз Аҳмад Юлдирим аз Туркия мағлуб шуд. Темур барои ҷойи севум бар Давитӣ Размадзеи гурҷӣ ғалаба кард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн паҳлавони дигари тоҷик Хуршед Маҷидов мақоми панҷумро касб намуд. Вай нахуст бар Ислом Мамаевоглу аз Туркия, баъдан бар Элмар Аласкаров (Озарбойҷон), сипас бар Тедо Тсотсинашвили (Гурҷистон) пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз Воҳид Даурбеков (Русия) шикаст хӯрд. Хуршед барои ҷойи севум аз Камол Каитов (Русия) мағлуб гашт ва аз медали биринҷӣ бенасиб монд.»

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 27 медал (7 тилло, 8 нуқра ва 12 биринҷӣ) ғолиб шуд. Дастаи Озарбойҷон бо касби 10 медал (3 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи дувум ва тими Қазоқистон бо касби 3 медал ( 2 тилло ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон, ки танҳо аз ҳисоби писарон ташкил ёфта буд, бо 1 нишони биринҷӣ ва 1 ҷойи панҷум мақоми 9-умро касб кард.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа байни писарон:
50 кг
1. ХУБАШВИЛИ Вано (Гурҷистон)
2. НОЗАДЗЕ Темур (Гурҷистон)
3. ГАРЧУ Олег (Русия)
3. ЗАБОЛОТНИЙ Рустам (Русия)
55 кг
1. КЕЛЕСХАЕВ
Давид (Русия)
2. БЛИЕВ Аюб (Русия)
3. АЧМИЗОВ Казбек (Русия)
3. АЧМИЗОВ Азамат (Русия)
60 кг
1. ЖАУНТАЕВ Бауржан (Қазоқистон)
2. ХЕЙДРЛӢ Мурод (Озарбойҷон)
3. ТАГИЗАДА Руфат (Озарбойҷон)
3. КУРДИАНИ Ҷамбулӣ (Гурҷистон)
66 кг
1. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)
2. СУЛТОНОВ Элдар (Озарбойҷон)
3. ЧАСИГОВ Исмоил (Русия)
3. УДЕСИАНИ Бека (Гурҷистон)
73 кг
1. АГАЕВ Самир (Озарбойҷон)
2. САГАИПОВ Исроил (Русия)
3. МАМАРДАШВИЛИ Симон (Гурҷистон)
3. БАЛАМПАНАШВИЛИ Васелиос (Юнон)
81 кг
1. ТЕПКАЕВ Турал (Русия)

2. БОЖА Юрий (Русия)
3. КУЗГОВ Магомедрасул (Русия)
3. САХАКЯН Григор (Арманистон)
90 кг
1. АБДУЛЛОЕВ Анор (Русия)
2. ШАКАРАЛИЕВ Мӯсо (Озарбойҷон)
3. ТАБАТАДЗЕ Автандил (Гурҷистон)
3. ПУУМАЛАЙНЕН Марти (Финляндия)
+90 кг
1. ДАУРБЕКОВ Воҳид (Русия)
2. ЮЛДИРИМ Аҳмад (Туркия)
3. КАИТОВ Камол (Русия)
3. РАҲИМОВ Темур (Тоҷикистон)

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG