Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти ҳомии ҳуқуқи башар баъди ду моҳи тарки маҳбас


Ҳасан Чориев (навор аз Skype)
Ҳасан Чориев (навор аз Skype)
Ҳомии ҳуқуқи башари узбак Ҳасан Чориев, падари яке аз фаъолони мухолифини ҳукумати Узбакистон Баҳодур Чориев, баъд аз ду моҳи тарки зиндон аз олам даргузашт.

Пайвандони Чориев рӯзи душанбе, 17 март, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Ҳасан Чориеви 72-сола бар асари маризии қалб фавтид ва рӯзи шанбе дар зодгоҳаш Шаҳрисабз, воқеъ дар ҷануби Узбакистон, макони охират пайдо кард.

Ҳасан Чориев моҳи январ бар пояи қонуни афв ба шарафи 20-солагии Қонуни асосии Узбакистон аз маҳбас раҳо шуда буд. Ӯ моҳи августи соли гузашта бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари 19-сола барои панҷ сол маҳкум ба зиндон шуда буд. Мухолифини ҳукумат мегуфтанд, ки ин парванда ангезаи сиёсӣ дорад.

Баҳодур, писар Ҳасан Чориев, даҳ сол пеш бар асари таъқибу фишор ба ИМА фирор кард ва он ҷо ҳамроҳ бо дигар ҳамшаҳриҳояш созмони мухолифи ҳукумати Тошканд Birdamlik (Ягонагӣ)-ро таъсис намуд.
XS
SM
MD
LG