Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малишев: 97 дар сади мардуми Қрим хостори пайвастан ба Русия аст


Аз пайвастани нимҷазираи Қрим ба Русия тақрибан 97 дар сади ширкаткунандагони раъйпурсиии рӯзи якшанбе пуштибонӣ кардаанд. Дар ин бора рӯзи душанбе, 17 март, раиси комиссиюни баргузории раъйпурсӣ Михаил Малишев, баъд аз анҷоми баршумурдани баргаҳои раъй хабар дод. Дар нишасти хабарӣ, ки аз тариқи шабакаи телевизионии “Қрим” мустақиман пахш шуд, ӯ гуфт, ин иттилоъ бидуни натоиҷи раъйпурсӣ дар шаҳри Севастопол аст.

Натиҷаҳои расмии райъпурсӣ дар нимҷазираи Қрим ва шаҳри Севастопол дертар нашр хоҳанд шуд.

Дар варақаҳои раъйпурсии рӯзи якшанбе ду суол сабт шуда буд -“Оё шумо ҷонибдори пайвастани Қрим бо Русия ҳамчун як бахши Федератсиони Русияед”” ва “Оё Шумо аз эҳёи Қонуни асосии Ҷумчурии Қрим аз соли 1992 ва мақоми Қрим чун як бахши Украина ҷонибдорӣ мекунед?”.

Ҳукумати Киев, раҳбарони ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ раъйпурсии Қримро “ғайриконститутсионӣ” номиданд. Аммо Русия онро комилан қонунӣ мешуморад ва Думаи давлатӣ ваъда додааст, ки дар наздиктарин фурсат дар мавриди пайвастани Қрим ба ҳайати Русияро тасмим бигирад.
XS
SM
MD
LG