Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 2 гумонбар дар куштори падару писар дар кӯчаи Деҳлавӣ (ВИДЕО)


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки ду нафарро ба иттиҳоми қатли Ашӯралӣ Акобиров ва фарзандаш Ҷовидони мактабхон боздошт кардаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки зимн як амалиёти ҷустуҷӯӣ дар шаби 14 ба 15-уми март, Дмитрий Корич, сокини кӯчаи Савдои пойтахт ва Дмитрий Чайкин, сокини шаҳри Ваҳдатро ба гумони даст доштан дар қатли сокини Душанбе Ашӯралӣ Акобиров ва фарзандаш Ҷовидон боздошт карданд. Ин афрод, иҷоранишини ин манзилро низ бо зарби кор захмӣ намуда, манзили онҳоро ба оташ кашида ва фирор карда буданд.

Дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 17-уми март бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ду нафари боздоштшуда қаблан низ доғи судӣ доштаанд. Ба гуфтаи манбаъ, дар лаҳзаи куштори Ашӯралӣ Акобиров вақте Ҷовидони 13-сола ба назди падараш меояд, Дмитрий Корчин ӯро низ бо зарби корд ба қатл мерасонад.

Видео аз маҳалли куштор дар саҳифаи Озодивидео дар Ютюб:

https://www.youtube.com/watch?v=hSgTLb9Xmms&feature=youtu.be



Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин ду нафар шаби 14 ба 15-уми марти соли ҷорӣ, тахминан соати 01:40-дақиқа дар кӯчаи Деҳлавӣ, хонаи 17, бо мақсади харидани нушокии спиртӣ бо шаҳрванд Акобиров Ашуралӣ соли таваллудаш 1960, муноқиша карда, бо воситаи корди дар дасташон буда, якчанд маротиба ба узвҳои баданаш зада, ӯро ба ҳалокат расонидаанд.

Сипас онҳо Каромат Солиева, иҷоранишини манзили Ашӯралӣ Акобировро ҳашт маротиба бо корд ба узвҳои баданаш зада, хонаро оташ мезананд ва аз ҷойи ҳодиса фирор менамоянд. Айни замон Каромат Солиева дар беморхона бистарӣ буда ва ба табобат фаро гирифта шудааст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАРИ ҲОДИСА ИНҶОСТ:

Фоҷиа дар Душанбе. Падару писар қурбони афроди ношинос шуданд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG