Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вардак аз муборизаҳои интихоботӣ канор рафт


Абдулраҳим Вардак
Абдулраҳим Вардак
Дар Афғонистон Абдулраҳим Вардак-дуввумин номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз муборизаҳои интихоботии 5 апрели соли ҷорӣ даст кашидааст. Абдулраҳим Вардак-вазири пешини дифоъ дар бораи ин тасмими худ тавзеҳот надодааст.

Вардак, ки аз номзадҳои билқувваи раёсати умҳурӣ дониста намешуд, ба хабарнигорон гуфтааст, ки вай барои ҳимоят аз номзади дигар ин корро накардааст.

Ба ин тартиб баъд аз берун рафтани Вардак аз муборизаҳои интихоботӣ 9 нафари дигар барои ишғоли курсии Ҳомид Карзай муборизаро идома медиҳанд. Қаюм Карзай-яке адигар аз номзадҳо ва бародари Ҳомид Карзай дар аввалҳои моҳи ҷорӣ аз мубориза даст кашид.

Дар миёни номзадҳо доктор Абдулло Абдулло, Залмай Расул ва Ашраф Ғанӣ рақибони интихоботӣ дониста мешаванд. Ҳомид Карзай тибқи Қонуни Асосӣ баъд аз хатми давраи дуввуми раёсати ҷумҳуриаш дигар наметавонад худро номзад кунад.
XS
SM
MD
LG