Пайвандҳои дастрасӣ

Путин мегӯяд, ки ба хости мардуми Қрим эҳтиром мегузорад


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия телефонӣ ба Анегела Меркел-нахуствазири Олмон гуфтааст, ки Маскав ба райи мардуми Қрим “эҳтиром” мегузорад. Кохи Кремл мегӯяд, Путин ба раҳбари Олмон гуфтааст, ки Русия ба райпурсии рӯзи якшанбе дар бораи ҷудо шудани Қрим аз Украина ва имкони пайвастани он ба Русия бовар дорад ва он ба қонунҳои байналмиллалӣ мутобиқ аст.

Путин ҳамчунин аз таниши вазъ дар ҷануби шарқи Украина изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, “гурӯҳҳои тундрав бо ҳимояти мақомоти Киев ташвиқ мешаванд”.

Райпурсии Қримро Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо маҳкум ва онро ғайриқонунӣ эълон карданд. Онҳо таҳдид карданд, ки он барои Русия оқибатҳои иқтисодиву сиёсӣ хоҳад дошт, агар Русия барои забти Қрими Украина аз нақшаҳои баъдии худ даст накашад.

Мақомоти ҷудоихоҳи Қрим эълон карданд6 ки то нисфирӯзии рӯзи иякшанбе 60 дарсади аҳолии қобили рай дар райпурсӣ ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG