Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳакерон ба сафҳаи интернетии НАТО


Ҳакерони номаълум чанд сафҳаи иҷтимоии интернетии НАТО-ро рӯзи шанбе шикаста ва ба он ҳамла овардаанд. Ин дар ҳолест, ки барои Қрими Украина танишҳо афзоиш ёфтааст.

Як гурӯҳ, ки худро “беркути интернетӣ” муаррифӣ кардааст, мегӯяд, ин ҳамларо ватанпарастони хашмгини Украина барои он анҷом медиҳанд, ки НАТО ба корҳои дохилаи кишвари онҳо мудохила мекунад.

Ин иддао дар www.cyber-berkut.org чоп шудааст, вале манобеи мусстақил онро таъйид намекунанд. Интернети беркут ишора ба гурӯҳи мамнуи посдорони ҳукумати Виктор Янукович-раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина аст. Сомонаи аслии НАТО бо номи www.NATO.int ва сомонаи маркази амниятии НАТО дар Эстония низ зарар дидаанд.
XS
SM
MD
LG