Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи порламонӣ дар Сербистон идома дорад


Александр Вучич-раиси Ҳизби Тараққихоҳи Сербистон
Александр Вучич-раиси Ҳизби Тараққихоҳи Сербистон
Дар Сербистон аҳолии қобили рай дар интихоботи порламонӣ ширкат меҷӯянд. Онҳо 250 намояндаи порламонро интихоб мекунанд. Ҳизби Тараққихоҳи Сербистон дар сафи пеши муборизаи интихоботӣ қарор дорад ва коршиносон мегӯянд, ки ин ҳизб баъд аз оғози музокироти муваффақиятомез бо Иттиҳодияи Аврупо дар бораи даромадан ба узвияти ин иттиҳодия дар миёни мардум аз эътибори рӯзафзун бархурдор аст.

Ин ҳизб интихоботи зудраси порламонӣ даъват кард ва гуфт, ки мехоҳад барои мубориза бо ришвахорӣ ва анҷоми ислоҳот аз ҳимояти қаввӣ бархурдор бошад.

Назархоҳиҳо нишон медиҳад, ки Ҳизби Траққихоҳи Сербистон дар мақоми аввал ва Ҳизби Сотсиалист дар мақоми дуввум қарор доранд. Интизор меравад, ки Ҳизби Демократ дар мақоми севвум ҷой бигирад.

Аз ҳар 5 нафар нируи кории Сербистон як нафар бекор аст ва дастмузди миёнаи коргарон 480 долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG