Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулис хонаи ду халабони ҳавопайморо бозҷӯӣ кард


Пулиси Малайзия хонаи ду нафар халабонони ҳавопаймои бедаракшудаи ин кишварро бозҷӯӣ кардааст. Ин ҳаворпаймо бо 239 нафар мусофир то ҳол пайдо нашудааст. Дар эъломияи вазорати нақлиёт гуфта мешавад, ки пулис стимулятор ё вонамудгари парвозро, ки аз хонаи Заҳарӣ Аҳмадшоҳ-яке аз халабонони пайдо кардааст, таҳқиқ мекунад.

Ин эъломия як рӯз баъд аз изҳороти нахуствазир Наҷиб Раззоқ пахш шуд. Наҷиб Раззоқ гуфта буд, маълумоте ба даст омадааст, ки ҳавопаймои парвози шумораи 370 огоҳона хатти парвозро тағир додааст ва чанд соат хориҷ аз масири аслии худ парвозро идома додааст.

Коршиносон мегӯянд, ин нишонгари он аст, ки ҳавопаймо дар ин муддат зери контроли шахсе будааст, ки бо парвози ҳавопаймоҳо ба хубӣ ошност.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳоло ҷустуҷӯи ҳавопаймо дар ду масир, яке аз Таиланд ба самти Қазоқистон ва дигарӣ аз Индонезия ба ҷануби Уқёнуси Ҳинд давом дорад.
XS
SM
MD
LG