Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани ду моҳигири афғон дар марз бо Тоҷикистон


Мақомоти вилояти Тахори Афғонистон мегӯянд, ду моҳигири афғон аз сӯи марзбонони тоҷик кушта шудаанд. Сунаттулоҳ Темур, сухангӯи волии Тахор ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ду моҳигир рӯзи чоршанбе, 12 март дар улусволии Дашти Қалъа ҳангоми моҳигирӣ дар рӯди Омӯ, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон рӯи он мегузарад, ҳадафи тир қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи мақомоти Тахор, таҳқиқи ин қазия ҷараён дорад. Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 километр марзи мустақим дорад, ки як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Осиёи Марказӣ ва Русия маҳсуб мешавад. Мақомоти Тоҷикистон ахиран гуфтанд, ки дар 3 соли охир дар ин марз 3,5 тоонна маводи мухаддир мусодираву дастикам 36 “қочоқбари афғон” кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG