Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Райдиҳиҳои маҷбурӣ дар Қрими Украина


Рӯзномаи “"Украинская правда" ба нақл аз қавли рӯзноманигор Укатерина Сергатскова навиштааст, дар қитъаҳои интихоботии Қрим баргаҳои райро ба ононе медиҳанд, ки номашон дар феҳристи райдиҳандагон нест ва шаҳрванди кишвари дигаранд.

Ин нашрия менависад, ки дар ҳар қитъаи райдиҳӣ 5-6 нафар “дружинник”-ҳо истодаанд. Владислав Селезнёв-раҳбари маркази матбуотии вазорати дифои Украина дар Қрим хабар додааст, ки кормандони ин марказро маҷбур кардаанд, ки ба райдиҳӣ раванд, вале ин марказ тасмим гирифтааст, ки дар райпурсӣ ширкат нахоҳад кард.

Дар Приморск гурӯҳи казакҳои рус кормандони маркази давлатии таҳқиқоти илмиро намегузорад, то вориди корхонаи худ шаванд ва онҳоро маҷбур кардаанд, ки аввал бояд дар райдиҳӣ ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG