Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қоҳира 6 сарбоз кушта шуданд


Мардони мусаллаҳ дар ҳамлае дар шаҳри Қоҳира 6 сарбозро куштаанд. Бино ба гузоришҳо, рӯзи шанбе афроди мусаллаҳ дар даромадгоҳи шаҳр дар посгоҳ ба сӯи сарбозон тирандозӣ кардаанд.

Сухангӯи артиш мегӯяд, ин сарбозон машғули адои намоз будаанд ва ба ҳалокат расидаанд. Як рӯз пеш низ дар ҳамлае дар шаҳри Қоҳира як сарбоз кушта шуда буд.

Аз моҳи июли соли гузашта, аз замоне, ки Муҳаммад Мурсӣ аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ барканор шуд, ба нируҳои амниятӣ зуд-зуд ҳамла сурат мегирад. Дар ин муддат тақрибан 200 нафар аз нируҳои амниятӣ ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG