Пайвандҳои дастрасӣ

Домоди Бен Лоден дар Амрико мурофиа мешавад


Як додрас мегӯяд, ба андозаи кофӣ далел вуҷуд дорад, ки домоди Усома Бен Лоден ва сухангӯи Ал Қоида барои ташкили сӯқасд ба ҷони шаҳрвандони Амрико маҳкум карда шавад.

Луис Каплан-додраси ноҳиявии Амрико рӯзи шанбе дархости дифоъро рад кард ва аз ин парванда интиқод намуд. Вай гуфт, ки далелҳо бар зидди Сулаймон Абугаит барои маҳкум кардан бештар аз он чист, ки зарур дониста мешавад.

Вале вай гуфт, ки дар ин бора додрасҳо тасмим мегиранд. Дифоъ аз ин парванда рӯзи душанбе оғоз мешавад. Сулаймон Абугаит болотарин мақоми Ал Қоида аст, ки баъд аз ҳамлаҳои 11 сентябри соли 20001 мурофиаи вай дар Амрико сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG