Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони Украина барои пароканда кардани ШО Қрим рай дод


Верховная Рада ё порламони Украина барои пароканда сохтани Шӯрои Олӣ ё порламони минтақавии Қрим рай дод. Аз 278 нафар намояндагон аксарият ба ҷонибдорӣ аз пароканда кардани Шӯрои Олӣ рай доданд.

Ҳамзамон интизор меравад, ки Шӯрои Амнияти СММ барои ҳифзи тамомияти арзии Украина қатъномае ба тасвиб расонад. Тарҳи ин қатъномаро барои баррасӣ Амрико ба Шӯрои Амният пешниҳод кардааст ва дар он ҳамчунин гуфта мешавад, ки новобаста ба натиҷаҳои райпурсиии рӯзи якшанбе, ки пайвастани Қрим ба Русияро пешбинӣ мекунад, ин райпурсӣ “эътибор нахоҳад дошт”.

Ҷонибдорони тарҳи қатъномаи Шӯрои Амният хуб медонанд, ки Русия ба ин тарҳ вето хоҳад гузошт. Аммо Саманта Повер-намояндаи Амрико дар СММ гуфт, ин кор ба хотири он анҷом мегирад, ки Русия дар инзиво қарор доштани худро бубинад, зеро “роҳи ғайри сулҳомези” ҳали масъаларо пеш гирифтааст.

Ҷонибдорони ин тарҳ медонанд, ки аз 15 узви Шӯрои Амният 13-тои он ба ҷонибдорӣ рай медиҳанд, вале умед доранд, ки Чин-ҳампаймони наздики Русия аз райдиҳӣ худдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG